Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ояндаи наздик парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Душанбе-Боку оғоз хоҳад шуд. Дар аввали моҳи март барои ниҳоӣ кардани вақти оғози парвозҳо ва шумораи парвозҳои ҳафта коршиносони фаннии ширкатҳои ҳавоии ҳар ду ҷониб тасмими ниҳоии худро эълон хоҳанд кард. Фарида Ёқубзода-раиси Раёсати робитаҳои байналмиллалии вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки аз оғоз дар музокироти ҷонибҳо ширкат кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар бораи ин парвозҳо созишнома имзо шудааст ва акнун ҳамаи заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омадааст.

Хонум Ёқубзода гуфт, “Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ин парвозҳо дар оғоз ҳафтае ду бор анҷом бигиранд ва розист, ки ин парвозҳоро дар марҳилаи аввал ширкати озарӣ анҷом диҳад. Сипас шумораи ин парвозҳо тадриҷан афзоиш хоҳанд ёфт ва онро баробар ширкатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон анҷом хоҳанд дод”.

Муҳаммадюсуф Шодиев-сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таъйид кард, ки фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе барои қабул ва гусели парвозҳои хати сайри Боку-Душанбе аз ҷиҳати фаннӣ пурра омода шудааст.

Бар гуфтаи оқои Шодиев, фурудгоҳ ба парвозҳои миёни Душанбе-Тошканд низ омодагӣ дорад. Ҷониби Тошканд ба фурудгоҳи Душанбе номаи расмӣ ҳам фиристодааст ва дар нома “онҳо хостаанд, ки дар бораи омодагии фурудгоҳ, дар бораи нархи хадамоти фурудгоҳӣ, аэронавигатсионӣ ва шароити таъмини сӯзишворӣ маълумот бигиранд. Фурудгоҳ дар ин бора маълумоти заруриро ба ҷониби Тошканд пешкаш кардааст, то ҷониби Тошканд бо назардошти шароити хидматрасонӣ нархи билетҳоро муайян кунад”.

Қарор аст, ки дар ибтидо ин парвозҳоро ширкати “Узбакистон ҳаво Йулларӣ” анҷом диҳад, вале бо ҷой афтодани парвозҳо дар ин масир ширкатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ин парвозҳоро тибқи созишнома баробар анҷом хоҳанд дод. Оқои Шодиев гуфт, ҷонибҳо пешгӯӣ мекунанд, ки парвози нахустини байни Тошканду Душанбе бояд то як моҳи дигар, яъне 29 марти соли ҷорӣ анҷом бигирад. Вале қабл аз он коршиносони ҳар ду ҷониб бояд парвози фаннӣ анҷом диҳанд ва вижагиҳои парвозро дар ин масир омӯзанд.

XS
SM
MD
LG