Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Эрон Антей пешниҳод кард


Давлати Русия гуфт, ки ба Эрон дар ивази системаи зидди мушакии пешрафтаи S-300 системаи Антей-2500 пешниҳод кардааст. Сергей Чемезов, раиси ширкати “Ростек” рӯзи 23-уми феврал гуфт, ки Эрон пешниҳоди онҳоро баррасӣ мекунад, вале ҳоло қароре қабул накардааст. Русия соли 2007 гуфт, ки ба Эрон системаи мушакии S-300 мефӯрушад ва ин қарор мояи нигаронии Амрико ва Исроил шуд. Аммо соли 2007, Русия ҳамроҳ бо дигар аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои барномаҳои баҳсбарангези атомиаш алайҳи Эрон таҳримот ҷорӣ карданд ва баъди ин Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури собиқи Русия қарордоди фурӯши системаи мушакӣ ба Эронро лағв кард. Давлати Эрон Русияро ба додгоҳи байналмилалӣ кашид ва талаб кард, ки қарордодро иҷро кунад ва ё барои ҷуброн бипардозад.

XS
SM
MD
LG