Пайвандҳои дастрасӣ

Ламбринидис ба Боку сафар мекунад


Созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз масъули Иттиҳодияи Аврупо дар умури ҳуқуқи башар хостаанд, зимни сафараш ба Озарбойҷон масъалаи раҳоии даҳҳо ҳомии ҳуқуқ ва хабарнигоронро дар миён гузорад. Ставрос Ламбринидис, рӯзи 23-уми феврал бо даъвати ҳукумати Озарбойҷон ба Боку сафар мекунад. Созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Ҳамкории Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон ва Ҳомиёни Ҷабҳаи Аввал бо нашри як баёния гуфтанд, Ставрос Ламбринидис бояд бо истифода аз ин фурсати нодир “ба ҳукумат таъкид кунад, ки маъракаи саркӯби мунтақидонашро хотима диҳад ва даҳҳо ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигоронро озод кунад, ки онҳоро бо иттиҳомоти бофтаву сохта паси панҷара андохтаанд.” Танҳо дар соли гузашта дар Озарбойҷон 30 ҳомии ҳуқуқ, хабарнигор ва блогнависонро бо гуноҳҳои хиёнат ба ватан ва ё сарпечӣ аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум карданд, вале ин иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Аз ҷумла Лайло ва Ориф Юнус, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, Расул Ҷаъфаров, як фаъоли ҳуқуқи ҷавонон ва Хадиҷа Исмоилова, хабарнигор ва ҳамкори Радиои Озодӣ ҳоло дар паси панҷара ҳастанд.

XS
SM
MD
LG