Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои мубориза бо IS баррасӣ мешавад


Қарор аст рӯзи 23-уми феврал фармондеҳони олирутба ва дипломатҳои Амрико роҳҳои мубориза бар зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломиро баррасӣ кунанд. Раёсати ин ҷаласаро Эштон Картер, вазири нави дифои Амрико, бар ӯҳда дорад ва ин нишаст дар як қароргоҳи низомии Амрико дар Кувайт сурат мегирад. Генерал Лойд Остин, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ховари Миёна, Ҷон Аллен, генерали бознишаста, намояндаи Барак Обама дар эътилофи зидди гурӯҳи Давлати исломӣ, сафирони Амрико дар Мисру Ӯрдун, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Нишасти мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар кишварҳои дигар аз ҷумла Либия ҷойи по пайдо кардаанд. Гурӯҳи Давлати исломӣ аввали соли гузашта қаламравҳои васеи Сурияву Ироқро ишғол кард.

XS
SM
MD
LG