Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон мониторинги сарфаи нерӯи барқ дар кишвар бо сармоягузории Бонки осиёии рушд дар доираи Созишнома оид ба «Тарҳи ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ»-ро ба роҳ хоҳад монд. Ин барнома имрӯз дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Кумитаи оид ба иқтисодиёт ва молияи Маҷлиси намояндагон рӯзи 23 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, банду фаслҳои ин созишнома дар Шӯрои маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки бо татбиқи он Тоҷикистон мониторинги сарфу харҷи барқ дар сартосари кишвар ҷорӣ намуда бо насби ҳисобкунакҳои барқӣ ва таҷдиди хатҳои барқ дар бархе истгоҳҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо аз масрафи барзиёди он ҷилавгирӣ карда хоҳад шуд.

Ҷаноби Гулов меафзояд, мақсад аз ҷорӣ кардани бозрасӣ ё мониторинги барқ дар хатҳои баланшиддат ва зеристгоҳҳо таҳти назорат гирифтани сарфаи неруи барқ дар сартосари кишвар буда ва манбаъҳои аслии масрафи барзиёдии барқ ошкор карда хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ин система имкон медиҳад ҳатто аз ҷорӣ кардани аз лимити барқ ҷилавгирӣ карда шавад ва интиқоли барқ ба мардуми кишвар тақвият дода шавад

Татбиқи тарҳи мазкур бо сармоягузории Бонки осиёии рушд ва ширкати „Барқи тоҷик“ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG