Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти Украина барои берун бурдани силоҳҳо


Артиши Украина гуфт, то замоне, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия тирандозиро қатъ накунанд, берун бурдани танку тӯпхонаҳояшро аз минтақаҳои даргириро шурӯъ намекунад. Бар асоси созиши оташбас, ки бо миёнҷигарии Олмону Фаронса ҳосил шуд, нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабон бояд ҷангро рӯзи 15-уми феврал комилан қатъ мекарданд ва ду рӯз баъд берун бурдани силоҳҳои вазнин аз минтақаҳои даргирӣ шурӯъ мешуд. Анатолий Стелмах, сухангӯи артиши Украина, рӯзи 23-уми феврал гуфт, ҳарчанд баъди ишғоли шаҳри Дебалтсево, ҷудоиталабон тирандозиро кам карданд, вале шаби гузашта ду бор ба мавзеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ аз тӯпхона тир андохтаанд. Вячеслав Селезнёв, сухангӯи дигари артиши Украина гуфт, “то замоне, ки тирандозӣ ба сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ идома кунад, дар бораи берун кашидани силоҳҳо ҳам гапе нахоҳад шуд.” Ба гуфтаи Анатолий Стелмах, берун кашидани силоҳҳои вазнин замоне шурӯъ мешавад, ки ҷудоиталабон тирандозӣ ба мавзеъҳои нерӯҳои ҳукуматиро бас кунанд.

XS
SM
MD
LG