Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 мусофири "Сомон Эйр" имрӯз мерасанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

24 мусофири ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро, ки бино бар мушкили фаннии ҳавопаймо рӯзи 21 феврал натавонистанд аз Красноярски Русия ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз кунад, имрӯз аз тариқи ширкати ҳавопаймоии “Таймир”-и Русия ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 23 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 24 мусофир соати 8 шоми имрӯз аз тариқи ширкати ҳавопаймоии “Таймир” ба Душанбе мерасанд. Вай гуфт, аллакай мутахассисони ширкати “Сомон Эйр” ба Красноярск парвоз кардаанд, то мушкили техникии ҳавопайморо муайян ва рафъ созанд.

Рузи шанбеи гузашта ҳангоми парвоз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бино бар аз кор мондани кондисионерҳояш дар дохили толори ҳавопаймо ночор аз ними роҳ баргашта, дубора дар фурудгоҳи “Емеляново”-и Красноярск нишаст. Гуфта мешавад, ки аз 24 мусофир ва 6 сарнишини ҳавопаймо касе осеб надидааст ва бо меҳмонхонаву ғизои гарм таъмин карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG