Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи мудир барои "хӯрдан"-и пули буҷа


Додситонии вилояти Суғд алайҳи Сайҳун Мадалиев -- мудири Маркази назорати давлатии санитарию вогиршиносии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парванда боз кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, Мадалиевро дар “сӯистифода аз мансаб” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешуморад.

Муҳсин Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохиили Суғд гуфт, “Мадалиев моҳи марти соли 2014 ба вазифаи мудири Маркази беҳдоштии ноҳияи Ғафуров таъин шуда, аз он замон ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷаи давлатиро аз худ кардааст.”

Ба қавли Юсуфов, “вай бо амрҳои ғайриқонунӣ 5 корманди шӯъбаи безараргардонии Маркази вогиршиносиро ба иҷрои дигар вазифаҳо ҷалб намуда, ба буҷаи давлат 21 ҳазору 734 сомонӣ зиёни молӣ расондааст. Ҳамчунин, вай моҳи марти соли 2014 донишҷӯи соли сеюми яке аз донишгоҳҳои Суғд ва як нафари дигарро бо ҳуҷҷатҳои сохта ба вазифаҳои ронанда ва безраргардонанда таъин кардаааст. Дар ҳоле ки онҳо чунин фаъолият надоштанд ва муздашон дар маҷмӯъ 4 ҳазору 270 сомонӣ буд.”

Тибқи иттилои ин манбаъ, тафтиши аввалия муайян кардааст, Сайҳун Мадалиев бидуни тахассуси кории мувофиқ дар вазифаи мудири Маркази беҳдоштиву вогиршиносии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз буҷаи давлатӣ 700 сомонӣ ва аз суратҳисоби махсуси корхонааш 3 ҳазор сомонӣ маош мегирифтааст.

Додиситонии Суғд алайҳи ин масъули маркази беҳдоштӣ мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – 314, қисми 1 - “сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” ва 323 - “Сохтакории хизматӣ” парванда боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад. Замони тафтиш Мадалиев ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ дар озодӣ қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG