Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии дзюдо дар Олмон


Паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи силилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ноком шуданд.

Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён, паҳлавонони тоҷик, дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 21-22-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт.

Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило рӯзи 21-уми феврал дар даври аввал бар Константинс Овчинниковс аз Латвия ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Травис Стевенс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб гашт. Дар ин вазн ҳамагӣ 54 гуштигир ширкат дошт.

Комроншоҳи Устопириён бошад, рӯзи 22-юми феврал дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Муҳаммад Дарвеш аз Миср дастболо шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Арон Ҳилдебранд аз Олмон шикаст хӯрд. Теъдоди гуштигирон дар ин вазн 46 нафар буд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 542 варзишгар (323 мард ва 219 зан) аз 75 кишвари ҷаҳон ширкаткарданд: Аврупо – 38 кишвар, Африқо – 13, Осиё – 12, Панамрико – 10 ва Уқёнус – 2. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин мусобиқа аз кишварҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони 13 ҷумҳурӣ иштирок карданд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (7 марду 1 зан), Беларус (6+6), Гурҷистон (12), Қазоқистон (12+7), Қирғизистон (1), Латвия (4), Литва (6+2), Молдова (2), Озарбойҷон (13), Русия (8+2), Украина (4+4) ва Эстония (6) дар Олмон ҷамъ омаданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медали тилло 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Белгия (2-0-0) ҷойи дувум ва мунтахаби Гурҷистон (1-2-2) ҷойи севумро гирифтанд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, паҳлавонони тоҷик Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28-уми феврал дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Аврупо оид ба дзюдо дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон ширкат хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо дар Олмон:

Мардон
60 кг

1. ШИШИМЕ Тору (Ҷопон)
2. КИМ Вон Ҷин (Кореяи ҷанубӣ)
3. ИБРАЕВ Рустам (Қазоқистон)
3. ПЕЛИМ Фелипе (Бразилия)

66 кг
1. ТАКАЧИ Кенго (Ҷопон)
2. ДАВААДОРҶ Тумурхулег (Муғулистон)
3. АН Баул (Кореяи ҷанубӣ)
3. МАРГЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

73 кг
1. ОНО Шохеи (Ҷопон)
2. ТАТАЛАШВИЛИ Нургази (Гурҷистон)
3. АН ЧАНГРИМ (Кореяи ҷанубӣ)
3. МУКИ Саги (Исроил)

81 кг
1. БОТЮ Иоахим (Белгия)
2. СРИКИШВИЛИ Автадили (Гурҷистон)
3. МАРЕШ Свен (Олмон)
3. ПИЕТРИ Луис (Фаронса)

90 кг
1. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
2. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)
3.НИШИЯМА Даики (Ҷопон)
3.ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон

100 кг
1.РИНОСУКЕ Ҳага (Ҷопон)
2.ДАРВЕШ Рамадан (Миср)
3.ГРОЛ Ҳенк (Ҳолланд)
3.МАРЕТ Кирилл (Фаронса)

+100 кг
1.ШИЧИНИОҲ Руи (Ҷопон)
2.ОҶИТАНИ Такеши (Ҷопон)
3.ҲЕЙНЛЕ Свен (Олмон)
3.САССОН Ор (Исроил)

Занон
48 кг

1. ВАН СНИК Шарлин (Белгия)
2. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)
3. АСАМИ Харуна (Ҷопон)
3. ҶЕОНГ Бо Кеонг (Кореяи ҷанубӣ)

52 кг
1. МА Юингнан (Чин)
2. НАКАМУРА Мисато (Ҷопон)
3. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КРАЕХ Мареен (Олмон)

57 кг
1. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
2. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
3. КАРАКАС Хедвиг (Маҷористон)
3. ПАВИА Аутомне (Фаронса)

63 кг
1. ШЛЕЙЗИНГЕР Элис (Британияи Кабир)
2. СЕДЕВСУРЕН Мунхзая (Муғулистон)
3. ТОШИРО Мику (Ҷопон)
3. ТРАЙДОШ Мартина (Олмон)

70 кг
1. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
2. ДИЕДРИХ Сандра (Олмон)
3. ВАН ДАЙК Санни (Ҳолланд)
3. ЗУПАНЧИЧ Келита (Канада)

78 кг
1.ҲАРРИСОН Кайла (ИМА)
2.ВЛЕНСЕК Анамари (Словения)
3.ҶОО Абигел (Маҷористон)
3.САТО Руика (Ҷопон)

+78 кг
1. ЯМАБЕ Канае (Ҷопон)
2.ШАЙХ Руҳо Ниҳел (Тунис)
3.КОНИТС Франсиска (Олмон)
3.ВЕИСС Каролин (Олмон)

XS
SM
MD
LG