Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: "Шабҳои зиёде аслан мижа таҳ накардаам..."


Он вақт аз ин тасмим 328 вакили Верховная Рада пуштибонӣ карда буданд. Тасмим дар бораи барканории Виктор Янукович баъд аз сарпечии ӯ барои ба ҳукми қонун баргардонидани Қонуни асосии соли 2004-ум буд.

Шаби 22 феврал Янукович ба Харков фирор кард ва аз ҷо дар бораи «табаддулоти давлатӣ» дар Киев изҳорот пахш намуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ӯ ваъда дод, ки дар қаламрави Украина мемонад, аммо як рӯз баъд изҳороти навбатияш аз шаҳри Ростови соҳили Дони Русия садо дод.

Виктор Янукович дар як сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Россия-24 як сол баъд аз барканорияш гуфт, ки дилаш ба вазъи Украинаву мардуми украин месӯзад: «Ман шабҳои зиёде мижа таҳ накардам. Ҳама он чӣ, ки дар Украина гузашт ва ҳоло мегузарад, азиятам мекунад. Ҳарфи зиёд заданӣ нестам, агар Худованд ҷони маро ҳифз кардааст ва агар Худованд ба ман имкон диҳад, ки кори барои мардум имрӯз заруриро анҷом диҳам - аз ҳуқуқи онҳо дифоъ намоям ва онҳоро аз ин бедодгариву беқонунии феълӣ дар кишвар раҳо созам,ман ҳама нерӯямро барои ин сарф хоҳам кард», гуфт сарвари пешини Украина.

Бар иттилои баъзе манбаъҳои мӯътамад, раисиҷумҳури пешини Украина дар қаламрави Русия панаҳ бурдааст ва аммо макони будубоши ӯ ошкор карда намешавад – моҳи январи соли равон Интерпол ё Полиси байнулмилалӣ ба ҷустуҷӯи Виктор Янукович шурӯъ кард. Дар эълони сомонаи интернетии Интерпол як чаҳорчӯбаи сурх гузашта шудааст, ки ба маънои боздошт ва истирдоди фарди мавриди кофтукоб қарордошта аст.

Интерпол гуфтааст, ки мақомоти Украина Януковичро дар яғмои моликияти давлатӣ ба миқдори бузург аз роҳи сӯиистифода аз мақом айбдор мекунанд.

Аввалҳои моҳи феврал парлумони Украина Виктор Януковичро аз унвони "раисиҷумҳур" маҳрум кард. Бар пояи Қонуни асосии Украина, унвони “раисиҷумҳур” барои сарвари давлат якумрӣ боқӣ мемонад, аммо фақат дар ҳоле, ки ӯ бар асари импичмент аз мақомаш барканор нашуда бошад.

Сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ дар Раҳпаймоии шаъну шараф дар Киев
Сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ дар Раҳпаймоии шаъну шараф дар Киев

Дар солгарди барканории Янукович дар Украина “Раҳпаймоии Шараф” ба ёди қурбониёни Майдони Киев дар тақрибан як соли пеш баргузор гардид. Дар ин раҳпаймоӣ дар шаҳри Киев рӯзи 22 феврал дар қатори раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко сарони Олмон, Словакия, Лаҳистон, Литва, Молдавия, Гурҷистон ва Иттиҳодияи Аврупо ширкат доштанд. Раҳпаймоён аз чанд хиёбони марказии шаҳр гузаштанд ва дар ниёиш ба ёди қурбониён дар Майдони Истиқлол ширкат карданд.

Раҳпаймоиҳо ба ёди қурбониёни ҳаводис дар Майдон дар бисёр шаҳрҳои Украина баргузор шуданд. Дар шаҳри Харков ҳангоми ин маърака таркиш рӯй дод, ки бар асари он, бар пояи иттилои расмӣ, ду нафар кушта шуда ва 15 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки чанд нафари гумонбар дар ташкили ин ҳамлаи террористӣ боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол артиши Украина ва намояндагони ҷудоихоҳони рустабори Донбасс дар бораи аз хатти ҷабҳа берун кашидани тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона бар пояи созиши оташбас хабар доданд.

Раҳбари гурӯҳи низомиёни украинӣ дар маркази муштараки назорати оташбас Петр Каноник рӯзи 22 феврал хабар дод, ки ҷудоихоҳон шоми гузашта тарҳи берун кашидани силоҳи вазнинро имзо карданд. Эдуард Басурин, як фармондеҳи аршади ҷудоихоҳон, гуфт, ки раванди берун кардани зиреҳпӯшҳову тӯпхона 22 феврал шурӯъ шуд ва тайи ду ҳафта поён хоҳад ёфт.

Бино ба созиш оташбас, ки дар Минск ҳосил шуда буд, оташбас 15 феврал оғоз ёфт ва бояд ду рӯз баъд ҷонибҳо ба берун кашидани тонку зиреҳпӯшҳояшон аз хатти ҷабҳа шурӯъ мекарданд. Қарор буд, ки ин раванд то рӯзи 3 март анҷом ёбад. Аммо ин тарҳ бар асари даргириҳо барои назорат аз болои шаҳри стратегии Дебалсево ба таъхир уфтод.

Ҳамзамон, бино ба иттилои ҳайати фармондеҳии артиши Украина, вазъ дар шарқи Украина ноором боқӣ мемонад - шаби шанбе ба якшанбе ҷудоихоҳон мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматиро 12 бор тирборон карданд. Дар канори шаҳракҳои Пески, Водяное, Тоненкое ва шаҳри Авдеевкаи вилояти Донетск рӯзи якшанбе даргириҳо ба вуқуъ пайвастанд.

Рӯзи шанбе бузургтарин дар ду ҳафтаи ахир табдили асирон сурат гирифт. 52 тан аз ҷудоихоҳон ва 139 афсару сарбози украинӣ раҳо карда шуданд.

XS
SM
MD
LG