Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Эрон сари мизи музокирот менишинанд


Дар Женева 22 феврал музокироти дурӯзаи ҳайатҳои ИМА ва Эрон оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон шурӯъ мешавад.

Дар арафаи гуфтушунид Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ки дар робита ба ин барнома миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба иловаи Олмон, ихтилофи назарҳо боқӣ мондаанд. Ӯ афзуд, раисиҷумҳур Барак Обама ҳушдор додааст, ки агар Теҳрон ҳадафи сулҳомез доштани барномаи ҳастаии худро собит накунад, Амрико худро аз музокирот канор хоҳад кашид.

Дар музокироти Женева ҷонибҳо талош хоҳанд кард, ки ихтилофи назарҳоро аз байн бубаранд, зеро мӯҳлати ниҳоии имзои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон 31 март муқаррар шудааст.

Ба ҳайати Эрон дар музокироти Женева вазири умури хориҷии кишвар Муҳаммад Ҷавод Зариф раҳбарӣ мекунад.

Ба ҳайати ИМА таҳти раёсати Ҷон Керрӣ барои нахустин бор вазири энерҷӣ Эрнест Мониз ҳам шомил шудааст. Ҷон Керрӣ даъвати Монизро бо зарурати ҳузури коршиносони аршади фаннӣ дар музокирот марбут намуд.

XS
SM
MD
LG