Пайвандҳои дастрасӣ

Зиреҳпӯшҳо ҷабҳаро дар Донбасс тарк мекунанд


Артиши Украина ва намояндагони ҷудоихоҳони рустабори Донбасс дар бораи аз хатти ҷабҳа берун кашидани тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона бар пояи созиши оташбас хабар доданд.

Раҳбари гурӯҳи низомиёни украинӣ дар маркази муштараки назорати оташбас Петр Каноник рӯзи 22 феврал хабар дод, ки ҷудоихоҳон шоми гузашта тарҳи берун кашидани силоҳи вазнинро имзо карданд. Эдуард Басурин, як фармондеҳи аршади ҷудоихоҳон, гуфт, ки раванди берун кардани зиреҳпӯшҳову тӯпхона 22 феврал шурӯъ шуд ва тайи ду ҳафта поён хоҳад ёфт.

Бино ба созиши дар Минск ҳосилшуда, оташбас 15 феврал оғоз ёфт ва бояд ду рӯз баъд ҷонибҳо тонку зиреҳпӯшҳояшонро аз хатти ҷабҳа берун мекарданд. Қарор буд, ки ин раванд то рӯзи 3 март анҷом ёбад. Аммо ин тарҳ бар асари даргириҳо барои назорат аз болои шаҳри стратегии Дебалсево ба таъхир уфтод.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ҳайати фармондеҳии артиши Украина, шаби шанбе ба якшанбе ҷудоихоҳон мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматиро 12 бор тирборон карданд. Набардҳо дар канори шаҳракҳои Пески, Водяное, Тоненкое ва шаҳри Авдеевкаи вилояти Донетск идома доштанд.

Рӯзи шанбе бузургтарин дар ду ҳафтаи ахир табдили асирон миёни ҷонибҳои даргир сурат гирифт. 52 тан аз ҷудоихоҳон ва 139 афсару сарбози украинӣ раҳо карда шуданд.

XS
SM
MD
LG