Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва ҳампаймонҳояш бо Русия "бозӣ" карданӣ нестанд ва имкони ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскав барои дахолаташ ба умури Украинаро баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, дар мулоқот бо ҳамтои бритониёвияш Филипи Ҳаммонд дар Лондон рӯзи 21 феврал хабар дод. Ӯ аъмоли ахири Русияро "шармовар" номид ва гуфт, Амрико хуб медонад, ки Маскав ба ҷудоихоҳон дар Донбасс чӣ гуна кӯмак мерасонад.

Филипп Ҳаммонд, дар навбати худ, масъулияти нақзи оташбас дар шарқи Украинаро ба дӯши Маскав гузошт. Созиши оташбас ду ҳафта пеш дар Минск ҳосил шуда буд.

Маскав ҳама иттиҳом дар бораи дахолаташ ба умури Украина ва кӯмак ба ҷудоихоҳонро рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол вазири дифои Украина Степан Полторак рӯзи шанбе хабар дод, ки ҳангоми хурӯҷи нерӯҳои украинӣ аз шаҳри Дебалтсево бар асари ҳамлаи ҷудоихоҳон 20 тан аз сарбозҳо кушта шудаанд. Мақомоти низомии Украина мегӯянд, ки ҷудоихоҳон ҳузури низомии худро дар самти Мириупол тақвият мебахшанд ва техникаи низомиву зиреҳпӯшҳоро ба он самт интиқол медиҳанд.

XS
SM
MD
LG