Пайвандҳои дастрасӣ

Мугабе - солхурдатарин президент дар сайёра


Раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе рӯзи шанбе 91-сола шуд. Акнун ӯ солхӯрдатарин сарвари давлат дар сайёра маҳсуб мешавад.

Ба иттилои расмӣ, қарор аст Роберт Мугабе, ки 35 сол боз ба Зимбабве раҳбарӣ мекунанд, зодрӯзашро як ҳафта ҷашн бигирад. Барои шабнишинӣ ба шарафи зодрӯзи сарвари давлат тақрибан як миллион доллар сарф хоҳад шуд.

Зимбабве яке аз фақиртарин кишварҳои олам аст. Созмонҳои байнулмилалӣ дар гузоришҳояшон Роберт Мугаберо ҳамеша ба феҳристи раҳбарони худкомаи олам ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG