Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Казенев: Терроризм набояд тарғиб шавад


Бернар Казенев, вазири умури дохилии Фаронса аз ширкатҳои Google, Facebook ва Твиттер хостааст, ки ба таври фаврӣ ҳама гуна маводи тарғибкунандаи терроризмро аз саҳифаҳояшон лағв кунанд. Ӯ бо намояндагони системаи ҷустуҷӯӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Сан-Франсискои Амрико мулоқот кард.

Вазири умури дохилаи Фаронса изҳори итминон кард, ки ин мулоқот қадами аввал дар ҳамкории зичи ҳукуматаш бо ин ширкатҳост.

Бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар Порис моҳи гузашта 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар амалиёти вижаи полис се тан аз омилони ҳамлаҳо кушта шуданд. Баъди ин ҳаводис мақомоти Фаронса чораҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои нав ва мубориза бо терроризмро тақвият бахшиданд.

XS
SM
MD
LG