Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиш алайҳи "табаддулот дар Украина"


Ҳазорон нафар рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Маскав дар ҳамоише бахшида ба солгарди, ба гуфтаи созмондиҳандагон, “табаддулоти давлатӣ” дар Украинаи ҳамсоя ҷамъ омаданд. Ин ҳамоиши пуштибонҳо аз сиёсати Кремл зери шиори “Як соли Майдон. Фаромӯш намекунем! Намебахшем!” мегузарад.

Ба гуфтаи шоҳидон, бештари ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ тавассути даҳҳо автобусҳо аз вилоятҳои атроф оварда шудаанд.

Дар сафи аввали гирдиҳамомадагон яке аз созмондиҳандагони маъракаи “Антимайдан” байкер Александр Залдостанов бо тахаллуси “Хирург” ва раҳбари ҷунбиши “Новороссия” сиёсатмадори украинӣ Олег Тсарёв қарор доранд.

Як сол пеш бар асари намоишҳои эътирозӣ дар Киев раисиҷумҳури русгарои Украина Виктор Янукович ба Русия фирор кард.

Раисиҷумҳури феълии Украина Петро Порошенко ахиран , яке аз ёварони раисиҷумҳури Русияро дар он айбдор кард, ки ӯ гурӯҳи мерганҳои хориҷиро барои куштори афроди дар Майдони Киев ҷамъомада фиристодааст. Маскав ин изҳоротро чун “сафсата” арзёбӣ намуд.

Тақрибан як сол қабл Маскав нимҷазираи Қримро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кард. Кремл аз ҷудоихоҳони рустабор дар Донбасс пуштибонӣ мекунад. Бар асари задухӯрдҳо дар шарқи Украина беш аз 5400 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG