Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайриинтизори Картер ба Кобул


Эштон Картер, раҳбари тозатаъини Пентагон, рӯзи шанбе бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул шуд. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва фармондеҳони афғону амрикоӣ дидору гуфтугӯ кунад.

Нерӯҳои амрикоӣ рисолати низомии худро дар Афғонистон моҳи декабри соли 2014 анҷом доданд ва як теъдоди онҳо барои тамрини нерӯҳои низомии афғон дар кишвар боқӣ монданд. Эштон Картер гуфт, ки дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ мавзӯи хурӯҷи нерӯҳои боқимондаи амрикоӣ аз Афғонистон баррасӣ мекунад ва мехоҳад назари ӯро дар бораи нақши ояндаи низомиёни амрикоӣ дар тамрини афсарони сарбозони афғон бифаҳмад.

Ду рӯз пеш як мақоми баландпояи низомии Покистон ва дипломатҳои афғон гуфтанд, ки «Толибон» дар бораи омодагияш ба музокироти сулҳ бо Кобул паём додааст.

XS
SM
MD
LG