Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар "Машъал" хомӯш карда шуд


Сӯхтор дар яке аз биноҳои осмонбӯси Дубай, бузургтарин шаҳри Аморати муттаҳидаи араб, хомӯш карда шуд. Бар асари оташсӯзӣ шаби ҷумъа ба шанбе дар бинои маъруф ба “Машъал” ба касе осеб нарасидааст. Қаблан хабар дода мешуд, ки чанд нафар аз дуд заҳролуд шуда ва ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.

Нерӯҳои наҷотбахшӣ беш аз ҳазор нафарро ба ҷойи амн интиқол доданд. Ба иттилои расмӣ, сӯхтор дар ошёнаи 50-уми бино рӯй дод ва бар асари шамоли сахт то ба ошёнаи 70-ум расид.

Баландии бинои истиқоматии “Машъал” 330 метр аст ва он яке аз баландтарин биноҳо дар сайёра маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG