Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се шаҳрванди Тоҷикистонро ба зиндон маҳкум карданд


Дар шаҳри Челябинск додгоҳ се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои қочоқи маводи мухаддир ба мӯҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Хадамоти федеролии амнияти минтақа Шералӣ, Раҳматулло ва Убайдуллоро аз 6 то 9,5 сол маҳкум ба зиндон намуд.

Исломиддин Раҷабов-раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск мегӯяд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар охири баҳори соли гузашта барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буданд ва акнун мӯҳлати зиндони худро дар яке аз маҳбасҳои вилояти Челябинск сипарӣ хоҳанд кард.

Раҷабов мегӯяд, вай борҳо аз зиндонҳои ин вилоят боздид намудааст ва муттаасссифона, парвандаи тақрибан нисфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин зиндонҳо ба сар мебаранд, ба маводи мухаддир иртибот дорад ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд: “Иқтисоди Русия пештар бақувват буд. Ҳозир, ки Русия бӯҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронад, рӯз ба рӯз иқтисодаш паст рафта истодааст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон чун пештара ба даст овардани пул он қадар осон нест. Ононе, ки таҷрибаи зиёд надоранд ва ба мушкилоти пулӣ дучор мешаванд, аз нодонӣ ба ҳамин роҳ мераванд. Ман фикр мекунам, кихатари ба ҳамин роҳ рафтани мардуми мо бисёртар шудааст. Ман намехоҳам пешгӯӣ кунам, лекин ҳамин хатар ҳаст”.

Оқои Раҷабов мегӯяд,чун дар Челябинск ҷои алоҳидаи ҷамъомади тоҷикон вуҷуд надорад, онҳо маҷбур мешаванд бештар барои корҳои тарбиявӣ аз кӯмаки масҷид истифода баранд.Дар баробари ҳадисҳои Қуръон дар масҷид ҷавононро насиҳат мекунанд, ки худро аз корҳои ғайримашруъ, аз ҷумла аз қочоқи маводи мухаддир дур бигиранд. Исломуддин Раҷабов мегӯяд, ки онҳо роҳи дигар надоранд, чунки вазъияти иқтисодӣ дар Русия бад шудааст.

XS
SM
MD
LG