Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо дар Либия 45 танро кушт


Дар натиҷаи силсилаи бомбгузориҳо дар шарқи Либия дасти кам 45 нафар кушта шудаанд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо се маргталаб бо мошинҳои бомбгузоришудаашон, ба нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, идораи пулис ва хонаи Ақила Салоҳ, раиси порлумони Либия дар шаҳри Ал-Қубба ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи Ақила Солеҳ, бомбгузориҳо зоҳиран ниқор барои ҳамлаҳои ҳавоии Миср ба мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Либия аст. Нерӯҳои ҳавоии Миср рӯзи 16-уми феврал, пойгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломиро дар минтақаи Дерна, воқеъ дар наздикии шаҳри Ал-Қубба нобуд карданд. Ҳамлаҳои ҳавоӣ ниқоре аз ҷангҷӯён буд, ки 21 коргари қибтиҳои насронии Мисрро рабуда ва сар буриданд. Баъди сарнагун кардани Муаммар Қазофӣ, раҳбари пешини Либия дар соли 2011, гурӯҳҳои мухталиф дар ин кишвар барои ҳукумат меҷанганд ва ҳоло ин кишвар ду ҳукумат ва ду порлумони ба ҳам рақиб дорад.

XS
SM
MD
LG