Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон


Вазорати дифоъ эълон кард, ки 22-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 20 феврал гуфт, баргузории барномаи идона бо ширкати генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва ҳайати шахсӣ дар рӯзи шанбеи 21 феврал ба сисилачорабиниҳои марбут ба 22-юмин солгарди таъсиси Артиши Миллӣ ҳусни оғоз мебахшад. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, сипас рӯзи якшанбеи 22 феврал дар толори “Кохи Борбад” ҷаласаи ботантана ва консерти идона, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат кунад, доир хоҳад шуд. Сухангӯи вазорати дифоъ таъкид кард, ки барномаҳои идона ба муносибати 22-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ бо гулгузорӣ дар Боғи Ғалаба ба поён мерасад.

Зимнан, Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз Шӯравии собиқ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи як ҷанги тамом гузаштааст. Он фаъолияти хешро дар соли 1993 дар авҷи ҷанги дохилӣ шурӯъ карда, солҳои баъдӣ низ ҳамеша дар амалиёт ва чораҷӯиҳои амниятӣ саҳм гирифтааст. Сар аз соли 1997 шурӯъ карда, пайваста дар тамриноти минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат карда ва саҳми муносибе дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ доранд.

Ин артиш аз неруҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ таркиб ёфта, ҳудудан аз 12 то 16 ҳазор нафар иборат аст ва Тоҷикистон солона барои артишаш беш аз 72 миллион доллари амрикоӣ тахсис медиҳад. Артиши миллии Тоҷикистон ҳамакнун дар ихтиёри худ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо дорад.

XS
SM
MD
LG