Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Палатаи Лордҳо аз Бритониё ва Аврупо


Намояндагони як кумитаи порлумони Бритониё гуфтанд, бархӯрди Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё дар остонаи муноқиша дар Украина мисли рафтори як “лунатик” ва ё хобгард будааст. Дар гузорише, ки кумитаи Иттиҳодияи Аврупо дар Палатаи Лордҳои Бритониё рӯзи 20-уми феврал нашр кард, омадааст, Бритониё барои расидагӣ ба бӯҳрон ба қадри кофӣ “фаъолу намоён” набуд. Ба гуфтаи Палатаи Лордҳо, Иттиҳодияи Аврупо бо ин “пешбинии хушбинона”, ки Русия роҳи демократиро пеш гирифтааст, ҳамкорӣ мекард. Дар натиҷа ба гуфтаи муаллифони гузориш Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо умқи хусумати Русия нисбат ба наздикии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо дарк накардаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки Бритониё барои авзоъи феълии Украина ҷавобгарии махсус дорад, зеро яке аз чаҳор имзокунандагони Ёддошти Будапешт дар соли 1994 аст, ки дар он тамомияти арзии Украина замонат дода шудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Бритониё дар шарҳи ин гузориш гуфтааст, касе миқёси “дахолати ғайриқонунӣ ва беваҷҳи” Русия ба шарқи Украинаро пешбинӣ карда наметавонист.

XS
SM
MD
LG