Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ва Олланд вазъи Украинаро баррасӣ мекунанд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, авзоъ дар Украина ва идомаи даргириҳо дар шарқи ин кишварро баррасӣ мекунанд. Бо вуҷуди созиши оташбас, ки ду ҳафта пеш бо миёнҷигарии ин ду раҳбар байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои Украина ҳосил шуд, даргирӣ дар минтақа ҳамчунон идома кард. Хонум Меркел ва Франсуа Олланд рӯзи 20-уми феврал ва дар остонаи нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар шаҳри Париж мулоқот мекунанд. Рӯзи 19-уми феврал гузориш шуд, ки тирандозӣ аз тӯпхона дар шаҳри Донетск мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи Анатолиё Стелмах, сухангӯи артиши Украина, ҷудоиталабон камингоҳҳои нерӯҳои давлатиро дар Широкине, воқеъ дар наздикии шаҳри стратеги ва соҳилии Мариупол мавриди ҳамлаи шадид қарор додаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 19-уми феврал гуфт, ҷудоиталабон дар ду ҳафтаи гузашта 250 бор созиши оташбасро помол кардаанд. Пештар аз ин даргириҳо нерӯҳои Украина баъди ҳамлаҳои шадиди ҷудоиталабон шаҳри стротегии Дебалстеворо тарк карданд.

XS
SM
MD
LG