Пайвандҳои дастрасӣ

Поксозии Мосул моҳи апрел ё май шурӯъ мешавад


Як мақоми баландпояи низомии Амрико гуфт, амалиёт барои озодии Мосул, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ аз дасти ҷангҷӯёни Давлати исломӣ ғолибан моҳҳои апрел ва ё май оғоз мешавад. Ба гуфтаи як намояндаи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, дар ин амалиёт 12 бригадаи ҷангӣ бо шумули 20 то 25 ҳазор сарбоз ширкат мекунанд. Нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико ба зудӣ бо омӯзиш додан 5 бригадаро барои амалиёт омода мекунанд. Дар ин амалиёт, се воҳиди низомии нерӯҳои пешмаргаи курд ва бригадаи нерӯҳои зиддитеррористии Ироқ, ки нерӯҳои махсуси амрикоӣ онҳоро омӯзиш додаанд, ширкат мекунанд. Ҳар як бригада тақрибан 2 ҳазор нафарӣ сарбоз доштааст. Ҷангҷӯёни Давлати исломӣ моҳи июни соли гузашта баъди ишғоли қаламравҳои васеъи Ироқу Сурия, шаҳри Мосулро ҳам тассаруф карданд. Намояндаи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 19-уми феврал дар ин бора хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои кишвараш зимни амалиёт бар зидди ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ, бо ҳамлаҳои ҳавоӣ, таъмини иттилооот ва дигар ҷанбаҳо кӯмак хоҳад кард. Тахмин мешавад, ки дар шаҳри Мосул аз 1000 то 2000 ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG