Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насрулло Маҳмудов - додситони нави Хатлон


Насрулло Маҳмудов
Насрулло Маҳмудов

Насрулло Маҳмудов, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, додситони нави вилояти Хатлон таъин шудааст. Варқаи Зайниддин, як масъули додситонии Хатлон, рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, алакай Маҳмудов ба ҳайси додситони нав ба кормандон муаррифӣ шуда, ба фаъолият оғоз намудааст.

Насрулло Маҳмудов дар ин мақом Сироҷиддин Нурзодаро иваз кард, ки рӯзи 18 феврал дар пайи интиқоду супориши раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазифааш сабукдӯш гардид. Маҳмудови 52-сола то соли 2010 додситони шаҳри Кӯлоб буд ва баъдан дар интихоботи ҳамон сол дар ҳавзаи рақами 19-и Конибодом вакили парлумон интихоб шуд.

Ӯ зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, дар интихоботи парлумонии 2010 бо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ вориди рақобат шуд ва дар даври дувум пирӯз омад.

XS
SM
MD
LG