Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди дархости вакилони Ҷамолиддини Маҳмуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии вакилони мудофеи Ҷамолиддини Маҳмуд, узви раёсати олии ҲНИТ ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз болои қарори додгоҳи Исмоили Сомониро рад кард ва ҳамин тавр мушовири Муҳиддин Кабирӣ, дар давраи думоҳаи тафтишоти парвандааш, дар СИЗО хоҳад монд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҷамолиддини Маҳмуд рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии онҳоро рад кард ва қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳабси думоҳаи зерҳимояашонро бетағйир гузошт. Вакилони мудофеи Ҷалолиддини Маҳмуд рӯзи 16 феврал барои аз ҳабси думоҳа раҳо кардани зерҳимоашон аз болои ҷарори Додгоҳи исмоили Сомонӣ аризаи шикоятӣ бурда буданд.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, дирӯз дар пурсиши муфаттишони парвандаи Ҷалолиддин Маҳмудов ҳар ду вакили ӯ -- Бузургмеҳр Ёров ва Барот Беков ширкат доштанд ва зерҳимояашон дар баёноти худ гуфтааст, ки бинобар ноором будани вазъият дар Душанбе дар солҳои фаъолияти Комиссияи муштараки оташбас, раиси Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик барои аминияташ ба вай пистолет додааст.

Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG