Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 600 кило мухаддиротро сӯзонданд


Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа наздик ба 600 килограм маводи мухаддирро, ки давоми солҳои 2013 ва 2014 кашф ва мусодира шудаанд, ба оташ заданд. Нусратуллоҳ Саидов, як масъули дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ ба рӯзноманигорон гуфт, аз ин миқдор мухаддирот, ки дар оташдони ин вазоратхона cӯзонида шуд, 38 килограми онро ҳероин, 28 кг афён, 461 кг бангдона ва 58 кило ҳашиш ва дигар навъҳои маводи мухаддир, ташкил медод. Ба гуфтаи манбаъ, нисбати афроде, ки дар интиқоли ин миқдор маводи мухаддир даст доштанд, 79 парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишоти онҳо ба поён расидааст ва додгоҳ ҳам ҳукми худро содир намудааст. Нусратуллоҳ Саидов гуфт, ки соли 2014 аз тарафи кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон наздики ду тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст ва раванди тафтиш ба поён нарасидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз манбаъҳои аслии тавлиди маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор меравад, сарҳади муштарак дорад. Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон яке аз масирҳои аслии интиқоли мухаддирот аз Афғонистон ба Русия ва дигар кишварҳои Шӯравии собиқ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ниҳоде бо номи Оҷонсии назорат бар гардишии ғайриқонунии маводи нашъаовар таъсис ёфтааст, ки вазифаи аслии он, мубориза бо ин падида мебошад. Бар иловаи ин, мубориза бо қочоқу интиқоли маводи мухаддир ҷузъе аз салоҳиятҳои вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсати марзбонии КДАМ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG