Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз даъвати Украина интиқод кард


Александр Лукашевич бо Сергей Лавров
Александр Лукашевич бо Сергей Лавров

Русия аз даъвати Украина барои фиристодани нируҳои посдори сулҳи СММ ба шарқи ин кишвар барои назорат бар оташбас интиқод кард. Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, созишномаи оташбас, ки ҳафтаи гузашта дар Минск ба имзо расида буд, пояи аслии ҳали муноқиша ба шумор меравад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Киев масъулияти гирифтани ёддоштро низ бар уҳда дорад. Пештар аз ин Денис Пушилин-раҳбари ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина гуфт, ки ҳузури нируҳои посдори сулҳ созишномаҳои Минскро “вайрон” мекунад.

Украина аз СММ даъват кардааст, ки ба нируҳои посдори сулҳи худ салоҳият диҳад, то дар шарқи Украина бар оташбас назорат кунанд. 18 феврал дар ҷаласаи изтирории амниятӣ Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, “беҳтарин шакл даъвати нируҳои пулис аз Иттиҳодияи Аврупост”.

XS
SM
MD
LG