Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Русия парвандаи Асоевро баррасӣ мекунад


Вазорати корҳои хоричии Русия ба дархости Сафорати Тоҷикистон дар мавриди расидагӣ ба қазияи муҳоҷири тоҷик Аслиддин Асоев, ки беш аз 11 моҳ дар СИЗО қарор дорад ва бинобар ақидаи муҳофизи номбурда гайришаффофиятии парвандаи ҷиноятии зидди вай боиси нигаронии зиёд аст, вокуниши чиддӣ ва оҷилона нишон дод. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Баъд аз дарёфти дархости Сафорати Тоҷикистон ин масъала дар Додситонии Кулли Русия матраҳ шудааст ва интизор меравад, ки 4 марти соли равон дар додгоҳи ноҳиявии Никулинскии шаҳри Москва парвандаи Аслиддин Асоев баррасӣ гардад.

Дар номаи ҷавобии вазорати корҳои хориҷаи Русия чунин омадааст: "Мо бовар дорем, ки вакили мудофеи А. Асоев дар рафти муорифаи додгоҳӣ хамаи санаду асосҳои дар даст доштаашро ироа хоҳад кард, ки дар натиҷаи он қарори одилона ва асоснок қабул хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG