Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду қочоқбари афғон дар Ишкошим


Кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир соати 9-и шаби гузашта ду сокини вулусволии Вахони Афғонистонро боздошт карданд, ки мехостанд дар деҳаи Зумутки Ишкошими Тоҷикистон маводи мухаддирро бифурӯшанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддир рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир кормандони оҷонсӣ дар ҷустуҷӯи афроде ҳастанд, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Афғонистон мехостанд ба онҳо маводи мухаддирро бифурӯшанд. Вай гуфт, дар амалиёти вижаи кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир шаби гузашта дар деҳаи Зумутки Ишкошим сокини деҳаи Пегиш ва сокини деҳаи Ҳандуди вулусволии Вахон боздошт шудаанд ва то лаҳзаи пайдо намудани ҳамкоронашон дар ин сӯи марз, ному насаби онҳо пинҳон дошта мешавад. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва дар гузашта низ мақомоти интизомии тоҷик шаҳрвандони Афғонистонро барои қоҷоқи маводи мухаддир боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG