Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили 4 марзбони асир ҳал шудааст, аммо...


Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи бозгардондани чаҳор сарбози рабудашудаи тоҷик дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз ҳалли худро ёфтааст. Вале онҳо талош доранд, то аз роҳи бехатар марзбонҳои асируфтодаро то Ватан бирасонанд.

Як мақоми аршади нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 19 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар минтақаи Имом Соҳиб ва Қундуз ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангиён идома дорад ва намешавад ҳангоми интиқол додан, сарҳадбонҳои рабудашудаи тоҷикро зери оташ монд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аз аҳволи ин чаҳор сарбози рабудашуда ҳамарӯза тариқи телефон огоҳ мешаванд.

Зимнан, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Абдуҷон Таваккалзода низ дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ба андозае даргириҳо дар минтақаи Имом Соҳиб шадид аст, ки бар асари гулӯландозиҳо, дару тирезаи онҳо дар ин сӯи марз меларзанд. Вай гуфт, ки ду рӯз қабл як ҳайати ниҳодҳои сарҳадӣ ва интизомӣ аз Душанбе ба Панҷ омаданд ва дар бораи вазъи марз ва сарҳадбонҳои дар асоратбуда суҳбат карданд. Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон танҳо ва фақат мунтазири поён ёфтани ҷангҳо дар минтақаи Имом Соҳиб мебошанд.

Ин чаҳор марзбони тоҷик - Фарҳод Калонов (соли таваллудаш 1996), Сироҷ Давлатов (1991), Тӯйчибоӣ Нурбоев (1996) ва Меҳроҷ Шодиев (1994) мебошанд, ки рӯзи 19 декабр дар ҷазираҳои ҳоили миёни рӯди Омӯ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд. Инак аз боздошти онҳо расо ду моҳ мегузарад ва онҳо дар асорати гурӯҳи ҷангиёни Толибон дар минтақаи Имом Соҳиб қарор доранд.

XS
SM
MD
LG