Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси болоӣ хостори интихоботи зудрас шуд


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Маҷлиси болоии порламони Қазоқистон аз Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури кишвар хост, ки рӯзи баргузории интихоботи зудрасираёсати ҷумҳуриро таъйин кунад. 19 феврал аз 42 узви Маҷлиси болоӣ 41 нафар ба ҷонибдорӣ аз баргузории интихоботи зудрас рай доданд. Маҷлиси поёнӣ дар ин бора 18 феврал санадеро ба тасвиб расонд.

Интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ табқи нақша бояд соли 2016 баргузор мешуд. Вале Анҷумани мардумии Қазоқистон 14 феврал пешниҳод кард, ки интихобот ҳамин сол баргузор гардад. Анҷумани мардумӣ ниҳоди қонунист ва раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев бар уҳда дорад.

Анҷумани мазкур мегӯяд, ки баргузории интихоботи зудрас барои “идомаи хати маши кунунӣ” ва таҳкими иқтисод хеле муҳим аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Назарбоев як давраи дигар бояд дар марҳилаи бӯҳрони иқтисодӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Назарбоев 74 сола аст ва аз соли 1989 раҳбарии Қазоқистонро бар уҳда дорад.

XS
SM
MD
LG