Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои қарордоди ҳамкории миёни Душанбе ва Теҳрон


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон бо ҳам дидор карданд ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои амниятӣ ва интизомиро имзо намуданд. Тибқи иттилои хабаргузории давлатии Эрон -ИРНА, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар минтақа, амнияти марзҳо ва табодули таҷриба дар замина пулис ба Тоҷикистон, қочоқи коло, силоҳ, пулшӯӣ, аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯ миёни Рамазан Раҳимзода ва Абдуризо Раҳмони Фазлӣ будааст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ба дунболи ин дидор ба хабарнигорон гуфтааст "мавзӯъҳое чун хушунат ва ифротгароӣ, минтақаро зери хатар қарор додааст. Аз ҷумла гурӯҳҳои террористӣ, ки мо ин мавзӯъро дар тафоҳумнома мавриди баррасӣ қарор додем. Аз ҷумлаи дигар ҳамкориҳои байни Эрон ва Тоҷикистон, табодули таҷриба ба кишварамон дар заминаи пулис аст."

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 18 феврал бо сафари корӣ ба Эрон рафт ва қарор аст бо мақомоти дигари Эрон дидору гуфтугӯ намояд. Бинобар гузориши расонаҳои давлатии Эрон, қарор аст вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз бо Аҳмади Муқаддам, фармондеҳи нерӯҳои интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон дидор намояд.

XS
SM
MD
LG