Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Гурҷистон аз қарордоди "марзи давлатӣ"


Баъд аз имзои қарордоди "марзи давлатӣ"

Баъд аз имзои қарордоди "марзи давлатӣ"

Гурҷистон қарордоди “марзи давлатӣ”-ро, ки миёни Маскав ва Осетияи Ҷанубӣ имзо шуда буд, мавриди интиқод қарор дод. Дар эъломияе, ки 18 феврал баъд аз чанд соати имзои ин қарордод дар Маскав нашр шуд, вазорати корҳои хориҷаи Гурҷистон ин қарордодро “як амали дигар бар зидди истиқлол ва тамомияти арзии Гурҷистон арзёбӣ кард”.

Дар эъломия ҳамчунин гуфта мешавад, ки Русия “беҳуда талош мекунад, ки илҳоқи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон-ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро пинҳон дорад”.

Моҳи ноябри соли 2014 Маскав бо ҳукумати ҷудоихоҳи Абхозистонқарордоди “ҳампаймонӣ ва ҳамкории стратегӣ” имзо карда буд. Ҳоло Маскав мегӯяд, ки чунин қарордодро бо Осетияи Ҷанубӣ низ ба имзо хоҳад расонд.

Моҳи августи соли 2008 баъд аз як ҷанги мухтасари панҷрӯза бо Гурҷистон Русия истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ а Абхозистонро ба расмият шинохт.

XS
SM
MD
LG