Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина хостори нируҳои посдори сулҳ шуд


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Украина аз СММ даъват кард, ки ба нируҳои посдори сулҳи худ салоҳият диҳад, то дар шарқи Украина бар оташбас назорат кунанд. 18 феврал дар ҷаласаи изтирории амниятӣ Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, “беҳтарин шакл даъвати нируҳои пулис аз Иттиҳодияи Аврупост”.

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аз даъвати нируҳои посдори сулҳ интиқод карданд ва гуфтанд, ки ҳузури онҳо оташбасеро, ки ҳафтаи гузашта дар Минск эълон шуда буд, “халалдор” хоҳад кард.

Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ гуфт, пешниҳоди Порошенко иҷрои қарордодҳои Минскро зери суол мебарад.

Украина дар ҳоле ба СММ чунин дархостро пешниҳод кард, ки нируҳои ҳукуматии Украина дар ҷараёни ҷангҳои шадид аз шаҳри стратегии Дебалтсево хориҷ шуданд.

Украина ва кишварҳои ғарбӣ аз Русия интиқод мекунанд, ки ба нируҳои ҷудоихоҳ дар Дебалтсево нируву аслиҳа мефиристад, вале Русия онро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG