Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сокини Ваҳдат барои кӯдакфурӯшӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як модари ҷавон аз ноҳияи Ваҳдат ҳини фурӯхтани кӯдакаш, дар яке аз маҳаллаҳои пойтахт аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, модари ҷавон Саодат Холова, сокини ноҳияи Ваҳдат рӯзи чаҳоршанбе дар маҳаллаи 46-уми пойтахт ҳангоми фурӯхтани кӯдаки навзодаш ба сокини пойтахт Гулрафтор Насруллоева, боздошт шуд. Саодат Холова мехостааст навзодашро дар ивази 500 доллар ба Гулрафтор фурӯшад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳарду - Саодат Холова ва Гулрафтор Насруллоева феъланд дар боздошт ва мавриди пурсиши муфатишони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ қарор доранд ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиной боз шуда тафтишот идома дорад. Дар гузашта низ ҳодисаҳои фурӯхтани кӯдакон ва қочоқи онҳо, сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG