Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи 30 кило афюн ё тарёк ва убури ғайриқонунии марз аз тарафи мақомоти Узбакистон боздошт шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон бо такя ба вазорати умури дохилии ин кишвар хабар додаанд.

Дар хабарҳо гуфта шудааст, ду сокини вилояти Суғд ҳангоми гӯиё убури ғайриқонунии марзи Узбакистон дар Самарқанд ба даст афтодаанд. “Баъдан, ҳангоми кофтукоб, аз борхалтаи онҳо 30 кило афюн ёфт ва мусодира шудааст”,-менависанд расонаҳои узбакӣ.

Ҳоло тафтиши ин қазия идома дошта, вале мақомоти расмии Тоҷикистон ин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накардаанд.

XS
SM
MD
LG