Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои порлумони Қазоқистон аз Назарбоев


Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон аз раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев хост, ки санаи интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ дар кишварро таъйин кунад. Маҷлиси Қазоқистон, ки дар дасти ҳизби ҳокими Нуротан аст, рӯзи 18-уми феврал қарореро дар ин бора қабул кард. Интизор меравад, палатаи болоии порлумон, охири ҳамин сол пешниҳоди вакилони мардумиро дастгирӣ кунад. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ба соли 2016 барномарезӣ шудааст. Вале Анҷумани халқи Қазоқистон, як ниҳоди машваратӣ ба раҳбарии Нурсултон Назарбоев, рӯзи 14-уми феврал пешниҳод кард, ки интихоботи раиси ҷумҳурӣ ҳамин сол баргузор шавад. Ба гуфтаи Анҷумани халқ, интихоботи зудрас барои “тазмини идомаи сиёсати ҳозира” ва тақвияти иқтисоди Қазоқистон фавқуллода муҳим аст. Нурсултон Назарбоеви 74-сола аз соли 1989 то кунун, Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG