Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши талафоти мардуми мулкии афғон


Созмони Милали Муттаҳид гуфт, талафот дар миёни аҳолии осоиштаи Афғонистон соли гузашта 22 дар сад афзоиш ёфтааст, ки ин дар 5 соли гузашта мушоҳида нашудааст. Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 18-уми феврал бо нашри гузорише гуфт, ки соли 2014 дар Афғонистон 10548 нафар кушта шудаанд, ки 2111 нафар бештар аз соли 2013 аст. Ба гуфтаи Созмони Милал 72 дар сади ин мардум аз дасти Толибону дигар тундравон кушта шудаанд ва 14 дар сади дигар ба айби нерӯҳои хориҷӣ ҷон бохтаанд. Талафот дар миёни мардуми осоиштаи Афғонистон ба сабаби бештар шудани даргириҳои заминӣ, истифода аз мушаку хунпораандозҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин зиёдтар шудааст. Нерӯҳои Амрико ва НАТО охири соли 2014 маъмуриятҳои ҷангиашонро дар Афғонистон хотима доданд ва масъулияти таъмини амният ба дӯши нерӯҳои афғон гузашт.

XS
SM
MD
LG