Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯён 45 нафарро дар Ироқ оташ заданд


Қосим ал-Убайдӣ, як полковники пулиси Ироқ гуфт, ҷангҷӯёни Давлати исломӣ дар шаҳри Ал-Бағдодӣ 45 нафарро зинда оташ задаанд. Сабабҳои ин амалкард маълум нест, вале ба гуфтаи Қосим ал-Убайдӣ, баъзе аз қурбониён маъмурони амниятӣ будаанд. Ал-Убайдӣ, гуфт, ҷангҷӯён акнун ба хонаҳову қароргоҳҳои кормандони нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳамла мекунанд ва аз ҳукумати Ироқу ҷомеаи байналмилалӣ кӯмак хост. Тасдиқи гузориш дар бораи оташ задани 45 нафарро аз манобеъи дигар ба сабаби идомаи даргириву иртиботи заъиф имконнопазир аст. Гурӯҳи Давлати исломӣ, ҳафтаи гузашта бисёре аз шаҳри Ал-Бағдодиро ишғол карданд, ки ин шаҳр дар наздикии пойгоҳи низомии Айн ал-Асад ҷойгир аст. Дар пойгоҳи низомии Ал-Асад нерӯҳои Амрико мустақаранд ва сарбозони ироқиро тамрин медиҳанд.

XS
SM
MD
LG