Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои Украина аз Дебалстево мераванд


Семён Семёнченко, узви порлумони Украина, ки як баталиёни тарафдори ҳукуматро раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, воҳидҳои артиш шаҳри Дебалтсеворо “бар асоси барнома ва муташаккилона” тарк мекунанд. Семен Семенченко, дар ин бора рӯзи 18-уми феврал дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод. Ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтанд, ки садҳо сарбози украинӣ ба онҳо таслим шудаанд. Аз ин пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ҳукумати Украина хост, ба сарбозони муҳосирашудааш иҷоза бидиҳад, ки силоҳҳояшонро ба замин гузоранд. Амрико гуфт, агар Русия кӯмак ба ҷудоиталабонро идома бидиҳад, барои ин кораш "баҳои бештар мепардозад.” Бо вуҷуди ҳосил шудани созиши оташбас бо миёнҷигарии Олмону Фаронса дар ҳафтаи гузашта, ҷангҳои шадид дар шаҳри Дебалтсево идома кард. Анатолий Стелмах, гуфт, ки “чанде аз воҳидҳои низомӣ дар Дебалтсево “таслим шудаанд.” Владимир Путин рӯзи 17-уми феврал зимни сафараш ба Маҷористон гуфт, ки муноқиша дар Украина “роҳи ҳалли низомӣ” надорад. Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 17-уми феврал зимни сӯҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, помол шудани созиши оташбас дар дохилу атрофи Дебалтсеворо маҳкум карда ва гуфтааст, ки Русия барои идомаи кӯмак ба ҷудоиталабон “баҳои бештар” мепардозад.

XS
SM
MD
LG