Пайвандҳои дастрасӣ

12 оҳанги Давлатманди Хол дар Наврӯз


Давлатманди Хол

Давлатманди Хол

Давлатманди Хол, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, дар Наврӯзи имсола 12 таронаи навашро муаррифӣ хоҳад кард. Ӯ рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, матни таронаҳои наваш бештар аз ашъори Бедилу Муҳаммад Иқбол ва Ҳаёт Неъмату Лоиқ Шералист.

Ин овозхони тоҷик афзуд, “аз ин 12 оҳанги тоза 5 оҳангро худам тақдим мекунам. 7 оҳанги дигарро ҳамроҳи гуруҳи мусиқии Кумитаи телевизион ва радио дар рӯзҳои ид ба мардуми Тоҷикистон ва форсизабони дунё пешкаш хоҳем кард.”

Ӯ афзуд, ҳоло дар се ҷо дафтари корӣ дорад ва ҳамроҳи ҳамкорону шогирдонаш ба Наврӯзи байналмилалӣ омоад мешаванд. “Дафтари кории аввалам дар Кумитаи телевизион ва радио аст, ки бо гурӯҳи мусиқии Кумита кор мебарам. Дигар дар Консерваторияи миллӣ бо донишҷӯён машғули барномаи Наврӯзӣ ҳастам. Дафтари севумам дар манзили зистам бо ансамбли хонаводагист, ки ҳоло банди эҷодем”,-гуфт Давлатманди Хол.

XS
SM
MD
LG