Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари 45 000 муҳоҷири корӣ ба хориҷа дар 1 моҳ


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз 54 ҳазор аз шаҳрванди ин кишвар ба хориҷ сафар намудаанд, ки 45 ҳазори онҳо муҳоҷирони корӣ будаанд. ​Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар моҳи январи соли ҷорӣ 54 ҳазору 31 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба хориҷа сафар кардаанд, ки шумораи мардҳо ҳудуди 45 ҳазор нафар ва занҳо беш аз 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.”

Аммо ба қавли Қодирӣ, сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар моҳи январ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Зеро дар моҳи январи соли 2014 ҳудуди 63 ҳазор шаҳрвандон ба хориҷи кишвар сафар намуда буданд. Ҳамчунин, ба таъкиди ӯ, мизони сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба хориҷи кишвар дар моҳи январи соли ҷорӣ низ дар муқоиса ба моҳи нахусти соли гузашта кам шуда, аз 55 ҳазору 959 нафар ба 45 ҳазору 418 нафар расидааст.

Ба иттилои Абдулло Қодирӣ бештари муҳоҷирон ба Русия сафар карда ва теъдоди андаке ба Қазоқистон рафтаанд.

XS
SM
MD
LG