Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни ҳамла дар Лугар


Теъдоди қурбониёни ҳамла ба як ситоди полис дар шарқи Афғонистон то 20 нафар афзоиш ёфт. Динмуҳаммад Дарвеш, сухангӯи волии Лугар, гуфт, дар ин ҳамла дар шаҳри Пули Алам, ки рӯзи 17 феврал сурат гирифт, чаҳор маргталаби либоси полис дар танширкат доштанд.

Аз ин пеш мансабдорони афғон дар бораи ҳалокати дасти кам шаш корманди полис бар асари ҳамла ба як постгоҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор хабар доданд. Самим Хпалвок, сухангӯи волии Қандаҳор, гуфт, ки ҳамла шоми 16 феврал дар мавзеи Майвонд сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар тирандозӣ мусаллаҳони толибон ҳам талафоти зиёд диданд. Нерӯҳои полис миқдори зиёди силоҳу тирро ғанимат гирифтанд.

Намояндагони ҷунбиши “Толибон” ин хабарро то ҳол ташреҳ накардаанд.

XS
SM
MD
LG