Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як тоҷики 21-сола дар Петербург


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аз қабати 11-уми як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербург сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, ҷасади ин ҷавони тоҷикро соати 19-50-и шоми 16 феврал аз ҳавлии сохтмони бинои истиқоматии ҷадид дар кӯчаи Бестужев, 2А пайдо кардаанд. Сохтмони ин биноро гурӯҳи ширкатҳои «ЦДС» («Центр долевого строительства») анҷом медод, ки шумори бузурги муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ дар сохтмонҳояш кор мекунанд. Сабаби аз қабати 11-уми сохтмони афтидани мардикори ҷавони тоҷикиро акнун тафтишот маълум мекунад.

Ҳар сол дар Русия то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба далоили мухталиф, аз ҷумла ба далели фалокат дар ҷои кор, ҳалок мешаванд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG