Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” аз Туркия дасти холӣ баргашт


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии охирини санҷишӣ дар Туркия аз ҳайати ҷавонони “Амкар”-и Перми Русия бо ҳисоби 5-6 шикаст хӯрд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми феврал дар бозии охирини санҷишӣ дар Белеки Туркия аз ҳайати ҷавонони “Амкар”-и Перми Русия бо ҳисоби 5-6 шикаст хӯрд, ба Душанбе баргашт. “Истиқлол” дар Туркия тӯли ду ҳафта тамрин карда, ба сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 омодагӣ дид.

Чунон ки сомонаи бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст, дар бозӣ бо ҳайати ҷавонони “Амкар” ду голро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расондааст. Умеҷон Шарифов (аз пеналтӣ), Соҳиб Саванқулов ва Дилшод Восиев якголӣ задаанд.

Бозии санҷишӣ

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон)- «Амкар-ҷавонон» (Перм, Русия) – 5:6

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 11 (1:0). Умедҷон Шарифов, 16 – аз пеналтӣ (2:0). Евгений Тюкалов, 17 (2:1). Андрей Анферов, 33 (2:2). Ҷаҳонгир Эргашев, 42 (3:2). Андрей Анферов, 49 (3:3). Рустам Вазидинов, 55 (3:4). Евгений Тюкалов, 57 (3:5). Соҳиб Саванқулов, 74 (4:5). Дилшод Восиев, 84 (5:5). Марко Симоновски, 89 (5:6).

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар чаҳор бозии санҷишӣ дар Белеки Туркия яктоашро бо «Нойштрелитс»-и Олмон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар се бозӣ аз тимҳои «Элверсберг» (Олмон) ва «Нефтчӣ» (Узбакистон) бо ҳисоби якхелаи 1:2 ва аз ҳайати ҷавонони “Амкар” (Русия) бо ҳисоби 5-6 шикаст хӯрд. “Истиқлол” давраи омодагиро ба нахустин бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 муқобили тими «Эрбил»-и Ироқ, ки 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, дар пойтахти Тоҷикистон идома медиҳад.

Доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқ аз Узбакистон мебошанд. Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бохоро сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимови 26-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳи “С” аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG