Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби ҳокими “Нур-Отан”–и Қазоқистон аз пешниҳоди Маҷмаи мардумии ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят намудааст. “Нур-Отан” 16 феврал эълон кард, ки аз ин пешниҳод комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Маҷмаи мардумии Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур бар уҳда дорад, 14 феврал гуфт, ки зарурати баргузории интихоботи зудрас фаро расидааст”, то “ба идомаи сиёсати кунунӣ бовар ҳосил шавад” ва иқтисод таҳким ёбад.

Интихоботи оянда бояд соли 2016 баргузор шавад, вале Маҷмаи мардумӣ пешниҳод кардааст, ки ин интихобот ҳамин сол баргузор гардад.

Маҷмаъ ҳамчунин гуфтааст, ки Назарбоев бояд як давраи дигар дар марҳилаи бӯҳони иқтисодӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад. 14 феврал Назарбоев дар ҷаласаи Маҷмаи мардумӣ ширкат надошт. Вай 74 сола аст ва аз соли 1989 то ҳол раиси ҷумҳур мебошад.

XS
SM
MD
LG