Пайвандҳои дастрасӣ

Дар яке аз конҳои матруки тилло дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 3 сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расидаанд. Миктибек Турдубеков-сухангӯи пулиси вилояти Ҷалолобод 16 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин фоҷеа дар ноҳияи Чаткал рух додааст.

14 феврал 5 нафар сокинони рустои Терек-Сай вориди кон шудаанд ва тақрибан 1000 метр ба дохили кор рафтаанд, то тилло пайдо кунанд. Вале ин панҷ нафар аз гази дохили кон беҳол шудаанд, 3 нафари онҳо натавонистаанд аз кон берун оянд ва дар дохил ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG