Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Украина ба вазорат эҳзор шуд


Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ

Васил Тсибенко-сафири Украина дар Гурҷистон ба вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар эҳзор шуд, то дар бораи таъйини Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ба мақоми раҳбари Шӯрои машваратии раиси ҷумҳури Украина тавзеҳот диҳад.

Давид Кереселидзе-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Гурҷистон 16 феврал ба хабарнигорон гуфт, Украина “ҳамкори стратегист” ва “даъват” аз Тсибенко ба вазорат набояд ба унвони мушкил арзёбӣ шавад.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина 13 феврал Шӯрои мушовирони байналмиллалӣ барои ислоҳот ташкил ва Саакашвилиро раҳбари ин шӯро таъйин кард.

Саакашвилӣ баъд аз хатми давраи раёсати ҷумҳуриаш дар моҳи ноябри соли 2013 Гурҷистонро тарк карда буд. Мақомоти ин кишвар вайро дар ғиёбаш барои суистифода аз мақом ва созмон додани ҳамла ба узви порламон муттаҳа карданд.

XS
SM
MD
LG