Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 120 нафар ба курсҳои омӯзиши забони русӣ фаро гирифта шудаанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 16 феврал зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “бо мусоидати бевоситаи Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз оғози соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ғончӣ 127 нафар ба курсҳои омӯзиши забони русӣ ҷалб гардиданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, дар рӯзҳои наздик боз дар шаҳри Қайроқум, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Спитамени вилояти Суғд, 65 нафар ба курсҳои омӯзиши забони русӣ ҷалб мегарданд. Ба иттилои масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, курсҳои омӯзиши забони русӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар ба ҳадафи кӯмак ба ҷавононе, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекунанд, ташкил шудаанд. Зимнан, Хадамоти муҳоҷирати Русия охирҳои соли гузашта барои муҳоҷирони корӣ, ба хусус тоҷикон имтиҳонҳо аз забони русиро роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG